МАСОИЛИ МУАЙЯН НАМУДАНИ НИШОНАИ ЗЕҲНӢ ҲАМЧУН КРИТЕРИЯИ ҲУҚУҚИИ МУКАЛЛАФИИ СУБЪЕКТИ ҶИНОЯТ
Дар мақолаи илмӣ оид ба масъалаи нишонаи зеҳнии критерияи ҳуқуқии мукаллафии субъекти ҷиноят тибқи қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода шуда, бо дарназардошти фикру ақидаи илмии олимони соҳаи ҳуқуқи ҷиноятӣ, психология ва психиатрия нуқтаи назари илмии муаллиф иброз гардидааст. Дар охир, хулосаҳои илмии муаллиф оид ба масъалаи нишонаи зеҳнии критерияи ҳуқуқии мукаллафии субъекти ҷиноят бо тағйиру иловаҳо ба КҶ ҶТ, пешниҳод гардид. Қонунгузории ҷиноятӣ эътироф мекунад, ки бе мавҷудияти мукаллафӣ ҳамчун аломати ҳатмии субъекти ҷиноят, оид ба ҷавобгарии ҷиноятӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст, зеро бе мукаллафӣ субъекти ҷиноят ҷой дошта наметавонад ва бе субъекти ҷиноят – таркиби ҷиноя. Дар ҳоле, ки субъекти ҷиноят муқаррар набошад, пас умуман таркиби ҷиноят ҷой надорад. Мафҳуми мукаллафӣ дар КҶ ҶТ, ки 21-уми майи соли 1998 қабул гардидааст, муқаррар
Сведения
- Журнал
- Legislation
- Опубликовано
- 2025 · № 4, С. 328
- Источник
- qonunguzori.tj
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2410-2903
- Издатель
- Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан