Central AsianResearch Index

ТАНЗИМИ ҲУҚУҚИИ ҲУҚУҚ БА ТАЪМИНОТИ ИҶТИМОӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар мақолаи мазкур масъалаҳои танзими ҳуқуқии ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлил қарор дода мешаванд. Муаллиф заминаҳои конститутсионии ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ, низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва механизмҳои татбиқи кафолатҳои иҷтимоиро баррасӣ менамояд. Диққати махсус ба нақши давлат дар таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, гурӯҳҳои осебпазир, инчунин мушкилот ва самтҳои такмили қонунгузории миллӣ равона гардидааст. Дар натиҷа, хулосаҳо ва пешниҳодҳо оид ба баланд бардоштани самаранокии танзими ҳуқуқии соҳаи таъминоти иҷтимоӣ ироа мегарданд. Дар шароити муосири рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ, ки бо равандҳои ҷаҳонишавӣ ва тағйироти амиқ дар соҳаҳои сиёсӣ, геополитикӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ тавсиф меёбанд, масъалаи омӯзиш ва таҳлили ҳолати кунунии ҳуқуқ ва озодиҳои иҷтимоии инсон, аз ҷумла ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ, аҳамияти махсус пайдо мекунад. Ин дигаргуниҳо мушки

Сведения

Журнал
Legislation
Опубликовано
2025 · № 4, С. 251
Источник
qonunguzori.tj
Язык
Таджикский
ISSN
2410-2903
Издатель
Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан