Central AsianResearch Index

МАФҲУМ ВА МОҲИЯТИ ПРИНСИПҲОИ ҲУҚУҚИ МОЛИЯВӢ

Дар мақолаи илмӣ равишҳои назариявии асосӣ вобаста ба муайян намудани мафҳум ва моҳияти категорияи “принсипҳои ҳуқ уқи молиявӣ” ҳамчун унсури ташаккулдиҳандаи низоми танзими ҳуқуқии муносибатҳои молиявӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифаанд. Дар асоси таҳлили мукаммали равишҳои доктриналии олимони ватанӣ ва хориҷӣ асоснок карда мешавад, ки принсипҳои ҳуқуқи молиявӣ на танҳо таҷассумгари принсипҳои умумии ҳуқуқ дар заминаи хусусияти муносибатҳои молиявӣ мебошанд. Онҳо ҳамчун роҳнамои мустақили танзимкунанда амал намуда, самтҳои асосии рушди қонунгузории молиявӣ ва амалияи татбиқкунии онро муайян месозанд. Дар доираи таҳқиқот робитаи принсипҳои ҳуқуқи молиявӣ бо принсипҳои бунёдии соҳаҳои ҳуқуқи оммавӣ ва нақши онҳо дар таъмини устуворӣ, қонуният ва пешгӯишавандагии сиёсати молиявии давлат ошкор гардида, мафҳуми муаллифи категорияи мавриди таҳқиқ қарор гирифта пешниҳод мегардад. Дар шароити ислоҳ

Сведения

Журнал
Legislation
Опубликовано
2025 · № 4, С. 229
Источник
qonunguzori.tj
Язык
Таджикский
ISSN
2410-2903
Издатель
Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан