Central AsianResearch Index

ТАШАККУЛ ВА РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ МЕРОС ДАР ҲУҚУҚИ ИСЛОМӢ

Дар мақолаи мазкур масъалаҳои ташаккул ва рушди муносибатҳои мерос дар ҳуқуқи исломӣ мавриди таҳлил қарор дода шудааст. Муносибатҳои меросӣ дар ислом алоқаи бевоситаро бо муносибатҳои никоҳӣ -оилавӣ ва шаҳрвандӣ дорост. Бинобар он қисме аз олимон дар таснифи меъёрҳои ҳуқуқии оилавӣ онҳоро бар муносибатҳои меросӣ ва васияти якҷоя мавриди таҳқиқ қарор медиҳанд, аммо қисмати дигари олимон ҳангоми баррасии муносибатҳои шаҳрвандӣ муносибатҳои меросиро мавриди омӯзиш қарор медиҳанд. Ҳарду усули баррасӣ қобили қабул буда, асосҳои худро дорад, вале ҳуқуқи муосири хонаводагии исломӣ аллакай ҳамчун соҳаи мустақил баромад мекунад. Дар ислом мерос пеш аз ҳама дар асоси муносибатҳои хунӣ ва хешутаборӣ тақсим мегардад ва ҳуқуқи исломӣ дар ҳар сурат ҳақи меросхӯрони қонуниро дар мавриди аввал муқаррар менамояд. Ин падида бо дарназардошти назарияҳои илмӣ ва таҳлили муқоисавӣ -ҳуқуқии он мавриди таҳлил қ

Сведения

Журнал
Legislation
Опубликовано
2025 · № 3, С. 99
Источник
qonunguzori.tj
Язык
Таджикский
ISSN
2410-2903
Издатель
Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан