Central AsianResearch Index

ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ФАЪОЛИЯТИ ИННОВАТСИОНӢ

Дар мақола мазкур масъалаи танзими давлатии фаъолияти инноватсионӣ мавриди таҳлил қарор дода шудааст. Дар шароити рушди босуботи иқтисодиёти кишварҳо нақши инноватсияҳо беш аз пеш меафзояд. Дар ҶТ ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои олии сиёсати давлатӣ дар самти иқтисодиёт заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқиро фароҳам оварда, зарур аст, ки дар ин самт таъсис ва дастгирии давлатии субъектҳои фаъолияти инноватсионӣ, аз он ҷумла, паркҳои технологӣ роҳандозӣ карда шавад. Дар ҷаҳони муосир омили асосии рушди устувори иқтисодиёт ва ноил гардидан ба сатҳи баланди зиндагии аҳолӣ бо роҳи ба иҷтимоиёт нигаронидашудаи рушди инноватсионӣ гузаштани он мебошад. Инноватсияҳое, ки дар технологияҳои нав, маҳсулот ва таҷҳизот, хизматрасонӣ, дар равандҳои нави ташкил ва такмили ихтисоси кадрҳо инъикос ёфтаанд, рақобатпазирии баланди иқтисодиётро таъмин мекунанд. Дар мамлакатҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ мутараққӣ ҳиссаи афзоиши М

Сведения

Журнал
Legislation
Опубликовано
2025 · № 3, С. 90
Источник
qonunguzori.tj
Язык
Таджикский
ISSN
2410-2903
Издатель
Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан