ҲУҚУҚҲОИ ПАСАНДОЗГУЗОР ТИБҚИ ШАРТНОМАИ ПАСАНДОЗИ БОНКӢ
Дар мақолаи мазкур муаллиф масъалаи ҳуқуқҳои пасандозгузор тибқи шартномаи пасандози бонкӣ бо дарназардошти адабиётҳои илмӣ ва қонунгузории кишвар мавриди таҳлил қарор додааст. Дар асоси баррасии мавзуи мазкур ҳуқуқҳои пасандозгузор тибқи шартномаи пасандози бонкӣ муайян гардидаанд, аз ҷумла: талаби баргардондани маблағи пулӣ (пасандоз); тибқи шарт ва тартиби пешбининамудаи шартнома талаби пардохти фоиз барои пасандоз; ҳуқуқи ба суратҳисоби пасандозгузор гузарондани маблағҳои пулӣ аз ҷониби шахси сеюм; ҳуқуқи талаби аз бонк фавран баргардондани маблағи пасандоз, пардохтани фоизҳои он; талаб намудани ҷуброни зиёни расонда; ҳуқуқи ба дафтарчаи амонат; ҳуқуқи ба сертификати амонат; талаб намудани ҷуброни зиёни расонда. Мутобиқи қ. 1, м. 928 Кодекси мадании ҶТ тибқи шартномаи пасандози бонкӣ як тараф бонк ё ташкилоти қарзии молиявии дигар, ки пасандози тарафи дигар ё маблағи пулӣ (пасандоз)-
Сведения
- Журнал
- Legislation
- Опубликовано
- 2025 · № 3, С. 77
- Источник
- qonunguzori.tj
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2410-2903
- Издатель
- Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан