ХУСУСИГАРДОНИИ МАНЗИЛИ ИСТИҚОМАТӢ, ҲАМЧУН АСОСИ БА ДАСТ ОВАРДАНИ ҲУҚУҚИ МОЛИКИЯТ БА МАНЗИЛИ ИСТИҚОМАТӢ
Дар мақолаи мазкур муаллиф дар бораи хусусигардонии манзилҳои фонди давлатӣ, ҳамчун асоси ба даст овардани ҳуқуқи моликият ба манзили истиқоматӣ таҳқиқотро анҷом додааст. Мақсади таҳқиқотро муаллиф ба муайян кардани таърихи пайдоиши падидаи хусусигардонӣ, мафҳум, хусусият ва тартиби ба амал баровардани он равона кардааст Пайдоиши падидаи хусусигардонии манзили истиқоматӣ ҳамчун асоси ба даст овардани ҳуқуқи моликият таърихи муайян дошта, онро муҳаққиқони соҳа ба солҳои наввадум мансуб медонанд, чунки аз замони инқилоби Октябр аз соли 1917-1918 то соли 1990 моликияти хусусиро Иттиҳоди Шуравӣ инкор намуда, мувофиқ ба сиёсат ва идеологияи онвақта моликияти шахсиро рӯи кор оварда буд. [1, с.221-223.] Моҳияти асосии моликияти шахсӣ дар он ифода меёфт, ки шаҳрвандон наметавонистанд ду ё зиёда молу мулк дошта бошанд. Дар моддаи 107 Кодекси граждании ҶШС Тоҷикистон аз 28 декабри соли 1963 муқарр
Сведения
- Журнал
- Legislation
- Опубликовано
- 2025 · № 3, С. 62
- Источник
- qonunguzori.tj
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2410-2903
- Издатель
- Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан