ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ҲИФЗ ВА ҲИМОЯИ ҲУҚУҚҲОИ НОБОЛИҒОН: САМТҲОИ АСОСӢ ВА МЕХАНИЗМҲОИ АМАЛИСОЗӢ
Дар мақолаи илмӣ дар натиҷаи баррасии тарзу воситаҳои институтсионалӣ ва ҳуқуқие, ки ба давлат имкон медиҳанд тавассути низоми маориф, васоят, сохторҳои ҳуқуқҳифзнамоӣ ва иҷтимоӣ манфиатҳои ноболиғонро таъмин намояд, самтҳои калидӣ ва механизҳои амалисозии идоракунии давлатӣ дар соҳаи ҳифз ва ҳимояи ҳуқуқҳои ноболиғон ошкор гардидаанд. Диққати махсус ба принсипҳое, ба монанди афзалияти ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак, таъмини шароит барои рушди ҳамаҷонибаи ӯ, пешгирии зӯроварӣ ва хатарҳои иҷтимоӣ, инчунин ташаккули муҳити ба инкишофи кӯдак мусоидаткунанда ва ҳуқуқӣ дода шудааст, ки дар ҷаҳони муосир идоракунии давлатӣ дар ин соҳа маҳз бо дарназардошти онҳо амалӣ мешавад. Муаллиф қайд менамояд, ки ғамхорӣ нисбати ноболиғон на танҳо уҳдадории ҳуқуқӣ, балки яке аз омилҳои муҳимтарини ҷомеаи устувор ва рушдёбанда буда, маҳаки асосии арзёбии сатҳи рушди низоми идоракунии ҳар як давлат, ҳолати ахлоқии
Сведения
- Журнал
- Legislation
- Опубликовано
- 2025 · № 3, С. 297
- Источник
- qonunguzori.tj
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2410-2903
- Издатель
- Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан