ТАҲЛИЛИ МУҚОИСАВӢ-ҲУҚУҚИИ РАВАНДИ КОДИФИКАТСИЯИ ҚОНУНГУЗОРИИ ИТТИЛООТ ДАР ДАВЛАТҲОИ ИДМ
Дар таҳлили муқоисавӣ -ҳуқуқии мазкур кодификатсия ва раванди кодификатсионӣ мавриди омӯзиш қарор гирифта шуд. Дар давраи муосир масъалаи кодификатсияи қонунгузорӣ яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб рафта, баҳри пешгирии духурагии меъёрҳо дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ё танзими як муносибат дар ду ва зиёда санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монда шудааст. Дар шароити рушди босуръати ҷомеаи иттилоотӣ ва рақамисозии тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатӣ, масъалаи такмил ва кодификатсияи қонунгузории иттилоот аҳамияти аввалиндараҷа касб менамояд. Давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (минбаъд-ИДМ) дорои хусусиятҳои ҳуқуқӣ ва сиёсати миллии хоси худ буда, таҳлили муқоисавии таҷрибаи онҳо имкон медиҳад, ки самтҳои муваффақ, мушкилоти мавҷуда ва имконоти ҳамоҳангсозии минбаъдаи қонунгузорӣ муайян карда шаванд. Кодификатсия бо мақсади мураттабсозии қонунгузорӣ, бартараф намудани ихтилофоти мавҷуда в
Сведения
- Журнал
- Legislation
- Опубликовано
- 2025 · № 3, С. 20
- Источник
- qonunguzori.tj
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2410-2903
- Издатель
- Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан