ҲУҶҶАТҲОИ БАНАҚШАГИРИИ СТРАТЕГӢ ВА ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ - ЗАМИНАИ РУШДИ МУНОСИБАТҲО ОИД БА ХОҶАГИИ ЁРИРАСОНИ ШАХСӢ
Дар мақолаи мазкур аз ҷониби муаллифон масъалаҳои нақш ва аҳамияти ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ ва паёмҳои Президенти мамлакат дар рушди муносибатҳо оид ба хоҷагии ёрирасони шахсӣ мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шудааст. Махсусан, консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатӣ оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ қабул гардидаанд, нишондоди мушаххасро оид ба хоҷагиҳои ёрирасони шахсии шаҳрвандон пешбинӣ менамоянд. Ҳамчунин, дар ин ҷода паёмҳои Президенти мамлакат ҳамчун ҳуҷҷати дорои мазмуни стратегии муайянкунандаи вазъи кунунӣ, мушкилот, роҳҳои ҳал ва дурнамои соҳаҳои мухталифи ҳаёти давлативу ҷамъиятӣ ва нақши онҳо дар рушди муносибатҳо оид ба хоҷагии ёрирасони шахсӣ мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Хоҷагии ёрирасони шахсӣ яке аз субъекти мустақили соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, самти асосии фаъолияти он истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бо мақсади қонеъ намуда
Сведения
- Журнал
- Legislation
- Опубликовано
- 2025 · № 3, С. 177
- Источник
- qonunguzori.tj
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2410-2903
- Издатель
- Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан