НАҚШИ УСУЛҲО ВА ПРИНСИПҲОИ ҲУҚУҚИ КИШОВАРЗӢ ДАР ШАКЛГИРӢ ВА РУШДИ ҚОНУНГУЗОРИИ КИШОВАРЗӢ
Дар мақолаи мазкур масъалаҳои ҷойгоҳ ва нақши усулҳо ва принсипҳои ҳуқуқи кишоварзӣ дар шаклгирӣ ва рушди қонунгузории кишоварзӣ бо дарназардошти меъёрҳои қонунгузории ҷорӣ, нишондодҳои ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ, аз қабили консепсия, стратегия, ва барномаҳо и давлатӣ, инчунин нуқтаҳои назари илмӣ мавриди баррасӣ қарор дода шудааст. Дар истилоҳи русӣ «усул» бо калимаи «метод» ифода мешавад. Метод аз калимаи юнонии «методос» гирифта шуда, маънояш роҳи таҳқиқ ё маърифат, назария, таълимот мебошад. Ба асосҳои методи умумии танзимнамоӣ методҳои зерин баромад мекунанд: методи иҷозатдиҳӣ, императивӣ ва манъкунӣ. Ба методҳои махсус дохил мешаванд: рухсатӣ-литсензионӣ; ҳавасмандкунии иқтисодӣ, мушоҳидаи техникӣ, фаннӣ ва қонунгузорӣ, танзими ҷузъӣҳуқуқӣ, ташкилӣ-идоракунӣ ва ғ. Бинобар ҳамин ҳам дар ҳуқуқӣ кишоварзӣ на як балки якчанд усулҳои танзимсозӣ истифода мешаванд, зеро ки предмети т
Сведения
- Журнал
- Legislation
- Опубликовано
- 2025 · № 3, С. 168
- Источник
- qonunguzori.tj
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2410-2903
- Издатель
- Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан