Central AsianResearch Index

МАФҲУМ ВА МОҲИЯТИ ЗАМИНСОЗӢ

Заминсозӣ равандест, ки ба истифодаи оқилонаи захираҳои замин ва ташкили онҳо бо назардошти омилҳои гуногун нигаронида шудааст. Заминсозӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин ва мақомоти маҳаллии он, инчунин ташкилотҳои соҳавии он ва дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо тартиби муқарраргардида гузаронида Дар шароити имрӯза яке аз падидаҳои муҳими ҳуқуқи замин «заминсозӣ» мебошад. Истилоҳи «заминсозӣ» мафҳум ва категорияи марказии қонунгузории замин ба ҳисоб меравад. Дуруст муайян кардани мазмуну моҳияти ин истилоҳ барои дарки дигар мафҳумҳо ва падидаҳои дигари ҳуқуқи замини истифодашаванда махсусан дуруст татбиқ намудани Қонуни ҶТ «Дар бораи заминсозӣ» аз 5 январи соли 2008, №356 [3] мусоидат менамояд. Истилоҳи «заминсозӣ» ба андешаи Ф.Г. Некрасов дар илм соли 1906 мавриди истифода қарор гардидааст. То ворид гардидани истилоҳи «заминсозӣ» ба гар

Сведения

Журнал
Legislation
Опубликовано
2025 · № 3, С. 152
Источник
qonunguzori.tj
Язык
Таджикский
ISSN
2410-2903
Издатель
Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан