БАЪЗЕ АЗ МАСЪАЛАҲОИ ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ ШАҲРВАНДОН ДАР САМТИ ТАНДУРУСТӢ
Дар мақолаи мазкур оид ба баъзе аз масъалаҳои ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шаҳрвандон дар самти тандурустӣ, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шудааст. Муаллифон дар мақолаи мазкур паҳлуи асосии ба мавзуъ рабтдошта, аз ҷумла, масоили масъалаҳои ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шаҳрвандон дар самти тандурустӣ, ки дар меъёрҳои боби 7 Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд КТ ҶТ) муқаррар шудаанд, мавриди таҳлилу баррасии илмӣ қарор дода шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд ҶТ) роҳи ташкил кардани давлати иҷтимоиро пеш гирифта, онро дар моддаи 1 Конститутсияи ҶТ мустаҳкам намудааст. Давлати иҷтимоӣ давлатест, ки сиёсаташ ба таъмини сатҳи шоистаи зиндагӣ ва рушди озодонаи инсон, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои вай нигаронида шудааст. Мақсади олии давлат ва ҷомеа - таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳамаи шаклҳои моликият ва кафолати амалӣ намудани онҳо буда, яке аз самтҳ
Сведения
- Журнал
- Legislation
- Опубликовано
- 2025 · № 3, С. 135
- Источник
- qonunguzori.tj
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2410-2903
- Издатель
- Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан