Central AsianResearch Index

ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ БОНК Ё ТАШКИЛОТИ ҚАРЗИИ МОЛИЯВИИ ДИГАР ТИБҚИ ШАРТНОМАИ ПАСАНДОЗИ БОНКӢ

Дар мақолаи мазкур аз ҷониби муаллиф масъалаҳои ҳуқуқ ва уҳдадориҳои бонк ё ташкилоти қарзии молиявии дигар тибқи шартномаи пасандози бонкӣ бо дарназардошти адабиётҳои илмӣ ва қонунгузории кишвар мавриди баррасӣ қарор додааст. Дар асоси баррасии мавзуи мазкур ҳуқуқ ва уҳдадориҳои бонк ё ташкилоти қарзии молиявии дигар тибқи шартномаи пасандози бонкӣ муайян гардидаанд. Дар натиҷаи таҳлил муаллиф вобаста ба такмили қонунгузорӣ таклифу пешниҳодҳои мушаххасро манзур намудааст. Муносибатҳо оид ба пасандози бонкӣ байни субъектони муайян, яъне бонк ё ташкилоти қарзии молиявии дигар ва пасандозгузор ба вуҷуд меояд. Низоми бонкӣ дар муомилоти маданаӣ аҳаммияти калидӣ дорад. Бо ҷамъоварии воситаҳои муваққатан озоди пулӣ, ки аз ҷониби шаҳрвандон ва ташкилотҳо пешниҳод мегарданд, бонкҳо ба субъектҳои низоми иқтисодӣ қарз медиҳанд. Ҳамчун миёнаравони молиявӣ, ташкилотҳои қарзӣ ҷараёни маблағгузориро

Сведения

Журнал
Legislation
Опубликовано
2025 · № 3, С. 106
Источник
qonunguzori.tj
Язык
Таджикский
ISSN
2410-2903
Издатель
Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан