ТАНЗИМИ ҲУҚУҚИИ ШАРТНОМАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар мақолаи мазкур танзими ҳуқуқи и шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти қонунгузории миллӣ ва адабиётҳои илмӣ мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода шудааст. Дар баробари санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллӣ санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар низоми ҳуқуқии ҷумҳурӣ нақш ва ҷойгоҳи махсус доранд. Зеро, онҳо ҳамоҳангсозии қонунгузории дохилиро бо стандартҳои байналмилалӣ таъмин менамоянд ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамгироӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, риояи уҳдадориҳои байналмилалӣ ва таъмини ҳуқуқҳои шаҳрвандон тибқи меъёрҳои эъти рофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ мусоидат менамоянд. Бо ин назардошт, дар сатҳи конститутсионӣ танзим гардидани мавқеи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ тасдиқкунандаи гуфтаҳост. Дар асоси муқаррароти қисми 3 моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳури
Сведения
- Журнал
- Legislation
- Опубликовано
- 2025 · № 2, С. 85
- Источник
- qonunguzori.tj
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2410-2903
- Издатель
- Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан