МАФҲУМ ВА МОҲИЯТИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК
Дар мақолаи илмии мазкур мафҳум ва моҳияти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак, муҳимияти таълиму тарбия ҳамчун у нсури асосии ташаккули шахс ва танзими ҳуқуқии он мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Дар натиҷаи таҳлили мақсад ва мазмуни мафҳуми масъулият, ки дар қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” мустаҳкам гардидааст, муаллиф ра виши муайянкунии категорияи мазкурро нокифоя шумурда, онро пурра инъикоскунандаи муносибатҳои мураккаб ва гуногунҷанбае, ки дар ҷараёни таълиму тарбия ба вуҷуд меоянд, намеҳисобад. Инчунин, муаллиф ақида ва назарияи худро оид ба мақсад, мазмун ва моҳияти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак пешниҳод менамояд. Ҳанӯз 2 августи соли 2011 бо ташаббуси Президенти кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” қабул гардида, бо мақсади такмили танзими муносиб атҳое, ки дар рав
Сведения
- Журнал
- Legislation
- Опубликовано
- 2025 · № 2, С. 72
- Источник
- qonunguzori.tj
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2410-2903
- Издатель
- Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан