БАРҚАРОР НАМУДАНИ МУНОСИБАТҲОИ ДИПЛОМАТӢ ВА ТАЪСИСИ НАМОЯНДАГИҲОИ ДИПЛОМАТӢ
Дар мақолаи мазкур масъалаҳои ба расмият шинохтани давлат ё умуман муқаррар намудани муносибатҳои дипломатӣ, тартиби барқарор намудани муносибатҳо и дипломатӣ, хусусиятҳои таъсиси намояндагиҳои дипломатӣ аз лиҳози назария ва амалия мавриди баррасӣ қарор дода шудааст. Дар байни мақомоти хориҷии муносибатҳои берунаи давлатҳо, чун қоида, намояндагиҳои дипломатии доимии онҳо, ки дар дигар давлатҳо аккредитатсия шудаанд — сафоратхонаҳо ва намояндагиҳо пайвандҳои асосӣ мебошанд. Дар шароит и одию муътадил махз ба воситаи сафоратхонаҳо ва намояндагиҳо роҳи сиёсати берунае, ки мақомотҳои конститутсионии муносибатҳои хориҷӣ кор карда баромадаанд, ба амал бароварда мешавад. Аммо ташкили ин гуна мақ омотҳои доимии муносибатҳои беруна дар хориҷа та нҳо дар шароити комилан ба эътидол омадан ва танзими расман эътирофшудаи муносибатҳои байни давлатҳои манфиатдор, яъне дар сурати мавҷуд будани муносибат
Сведения
- Журнал
- Legislation
- Опубликовано
- 2025 · № 2, С. 202
- Источник
- qonunguzori.tj
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2410-2903
- Издатель
- Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан