Central AsianResearch Index

ЗАМИНАҲОИ ҲУҚУҚИ-БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАМКОРӢ ДАР САМТИ МУҚОВИМАТ БО ҶИНОЯТКОРИИ ФАРОМИЛЛИИ ИҚТИСОДӢ

Мушкилоте, ки ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ дар назди давлатҳои муосир мегузорад, аллакай ба яке аз мушкилоти ҷиддии ҷаҳони имрӯза табдил ёфтааст. Барои давлатҳо дар алоҳидаги мубориза бурдан бар муқобили гурӯҳҳои ҷиноятии фаромиллӣ, ки барои нигоҳдорӣ ва тавсеаи фаъолияти ҷиноятии худ қудрат ва захираҳои иқтисодии зиёдро ҷамъ намудаанд душвор аст. Бинобар ин баҳри мубориза бо ҷинояткории фаромиллии иқтисодӣ ҳамкории байна лмилалӣ дар сатҳи универсалӣ, минтақавӣ, с убминтақавӣ ва дуҷониба байни давлатҳо сурат мегиранд. Ба андешаи муалиф асосан ду механизми ҳамкории давлатҳо дар мубориза бар зидди ҷинояткории фаромиллӣ мавҷуд аст: механизми ҳуқуқӣ ва механизми институтсионалӣ. Қайд мегардад, ки новобаста аз натиҷаҳои мусбати ҳамкории байналмилалӣ дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, дар ин самт як қатор масъалаҳои ҳалношуда ва мушкилоти дорои хусусияти объекти

Сведения

Журнал
Legislation
Опубликовано
2025 · № 2, С. 176
Источник
qonunguzori.tj
Язык
Таджикский
ISSN
2410-2903
Издатель
Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан