Central AsianResearch Index

БАЪЗЕ МАСЪАЛАҲОИ АМАЛИШАВИИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ КОНСТИТУТСИОНИИ ИНСОН ВА ШАҲРВАНД ДАР ҚИСМИ УМУМӢ ВА ҚИСМИ МАХСУСИ КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар мақолаи мазкур баъзе масъалаҳои амалишавии ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд дар қисми умумӣ ва қисми махсуси Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси адабиёти илмӣ ва қонунгузории амалкунандаи соҳавӣ мавриди таҳлил ва омӯзи ш қарор гирифтааст. Дар ҳақиқат ҳам дар амалияи мақомоти давлатӣ ва назарияи илми ҳуқуқшиносӣ яке аз масъалаҳои мубрамро амалишавии ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд ташкил Дар зери мафҳуми амалишавии ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд дар хаёт татбиқ шудани ҳуқуқ, истифодашавии воқеии мазмуни меъёр ҳои ҳуқуқ дар фаъолияти амалии субъектони ҳуқуқ фаҳмида мешавад. Бе амали намудани ҳуқуқ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулгардида чун қогази беарзиш буд а, аҳамияти худро дар ҷомеа гум менамоянд. Дар давлатҳо метавон бо қонунҳои беҳтарини боадолатона рӯ ба рӯ шуд, вале ҳангоми аз тарафи мардум напазируфтан ва истифода

Сведения

Журнал
Legislation
Опубликовано
2025 · № 2, С. 156
Источник
qonunguzori.tj
Язык
Таджикский
ISSN
2410-2903
Издатель
Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан