ПРИНСИПИ АДОЛАТ ДАР ҲУҚУҚИ ҶИНОЯТӢ ВА МАСОИЛИ ТАТБИҚИ ОН ДАР АМАЛИЯ
Дар мақолаи мазкур аз ҷониби муаллифон мас ъалаҳои ҳуқуқи ҷин оятии принсипи адолат ва масоили татбиқи он дар амалия бо дарназардошти нуктаҳои назари олимони ватаниву хориҷӣ ва санадҳои қонунгузорӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шудааст. Принсипи адолат дар низоми соҳаи ҳуқуқи ҷиноятии ҶТ аҳа ммияти калидӣ доро аст, чунки адолат дар давлати ҳуқуқбунёд ҳамчун як шарти пешакӣ ва асосӣ баромад карда, асоси татбиқи тамоми арзишҳои ҳуқуқӣ ҷомеа баромад менамояд. Д.Ю. Шапсугов қайд мекунад, ки “ҳуқуқ метавонад ҳамчун воситаи нозуки муқаррар кардани озодӣ ва баробарӣ дар ҷомеаи инсонӣ, амал кунад. Ба маънии муайян ченаки озодиву баробарӣ адолат аст, ки мазмуни он аз замонҳои қадим ҳамчун муҷозот ба ҳар як кас муайян карда шудааст... Меъёри адолат ченаки озодӣ ва ченаки баробариест, ки дар он қарор дор анд” [1, с. 470 - Адолат, ки дар тамоми низоми принсипҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ таҷассум ёфтааст,
Сведения
- Журнал
- Legislation
- Опубликовано
- 2025 · № 2, С. 142
- Источник
- qonunguzori.tj
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2410-2903
- Издатель
- Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан