МАФҲУМИ НОТАРИАТ ВА МАВҚЕИ ОН ДАР НИЗОМИ МАҚОМОТИ ДАВЛАТӢ: ТАҲЛИЛИ ҶАНБАҲОИ НАЗАРИЯВӢ-ҲУҚУҚӢ
Нотариат дар ҳар як давлат нақши муҳим дошта, ба зиммаи он вазифҳои муҳим, ба монанди ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тавассути анҷом додани амалиёти нотариалӣ вогузор шудааст. Дар қонунгузорӣ ва назарияи ҳуқуқшиносӣ оид ба мафҳум ва м авқеи нотариат дар низоми мақомоти давлатӣ мавқеи ягона ҷой надорад. Дар ин замина, мақолаи мазкур ба таҳлили илмии мафҳуми нотариат ва назарияҳои дар ин самт ҷойдошта бахшида шудааст. Масъалаи мафҳуми «нотариат» дар сарчашмаҳои меъёрӣ инъикоси зарурӣ на ёфтааст ва на дар адабиёти илмӣ диққати зарурӣ гирифтааст. Вазъияте, ки дар он ин истилоҳ баъзан категорияҳои гуногунро дар назар дорад, аз дараҷаи пасти азхудкунии илмии ин самт шаҳодат медиҳад ва барои истифодаи нодурусти қонунгузорӣ дар бораи нотариат з аминаҳои табиӣ фароҳам меорад. Масалан, сухан дар бораи тамоюли ташаккули тасаввурот дар шуури ҷамъиятӣ дар бораи нотариат ҳамчун навъи
Сведения
- Журнал
- Legislation
- Опубликовано
- 2025 · № 1, С. 78
- Источник
- qonunguzori.tj
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2410-2903
- Издатель
- Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан