Central AsianResearch Index

БАЪЗЕ АЗ ПРОБЛЕМАҲОИ АМАЛӢ ВА НОРАСОГИИ ҚОНУНГУЗОРӢ ОИД БА БАРРАСИИ ПАРВАНДАИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ

Дар мақолаи мазкур муаллиф кӯшишро ба харҷ додааст, ки баъзе аз проблемаҳои амалӣ ва норасогиҳои меъёрҳои Кодекси муроф иаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба пешбурд ва баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ошкор намояд. Дар мақола масъалаи таҳқиқшуда бо назардошти таҳлили фикру ақидаҳои намояндагони илм, бахусус, олимони соҳаи ҳуқу қи маъмурӣ ва алоқаманд намудани фикру ақидаҳои онҳо бо муқаррароти қонунгузории соҳавӣ ва таҷрибаи амалии мақомоти ваколатдор оид ба пешбурд ва баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мавриди баррасӣ қарор дода шудааст. Бартараф намудани проблема ва норасогиҳои дар мақола баррасишуда ва пешниҳодҳои дар хулосаи он манзуршуда яке аз шартҳои муҳимми ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрвандон ба ҳисоб меравад. Қайд намудан ба маврид аст, ки дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон , хусусан, б

Сведения

Журнал
Legislation
Опубликовано
2025 · № 1, С. 287
Источник
qonunguzori.tj
Язык
Таджикский
ISSN
2410-2903
Издатель
Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан