Central AsianResearch Index

БАЪЗЕ АЗ МАСЪАЛАҲОИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ

Терроризм яке аз падидаҳои мураккаби иҷтимоию сиёсӣ ва ҳамзамон яке аз шаклҳои зӯроварии сиёсӣ мебошад, ки аз ҷониби ташкилотҳои экстремистӣ -террористӣ амалӣ карда мешавад. Омӯзиши моҳият ва хусусияти терроризм нишон медиҳад, ки то ҳол дар ин масъала таърифи ягона вуҷуд надорад. Илова бар ин, дар мавриди терроризм ҳар як давлат ва ҳар як пешвои сиёсӣ биниши худро дорад. Ҳар яке аз онҳо ин мушк илотро бо назардошти манфиатҳои миллӣ ва геополитикии худ арзебӣ мекунанд. Аммо дар маҷмӯъ, терроризм яке аз шаклҳои зӯроварии сиёсӣ мебошад, ки барои татбиқи ҳадафҳои сиёсӣ истифода мешавад. «Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун як вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Ҳамзамон, як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ба ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла ба дини муби

Сведения

Журнал
Legislation
Опубликовано
2025 · № 1, С. 260
Источник
qonunguzori.tj
Язык
Узбекский
ISSN
2410-2903
Издатель
Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан