Central AsianResearch Index

ТАКТИКАИ АМАЛИГАРДОНИИ АМАЛҲОИ АЛОҲИДАИ ТАФТИШОТӢ ОИД БА МУОМИЛОТИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ВОСИТАҲОИ НАШЪАДОР ТАВАССУТИ ҲОМИЛҲОИ ИТТИЛООТӢ-ИНТЕРНЕТӢ

Дар мақола муаллиф тактикаи амалигардонии амалҳои алоҳидаи тафтишотӣ оид ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор тавассути ҳомилҳои иттилоотӣ-Интернетӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Амалҳои алоҳидаи тафтишотӣ ва тактикаи баамалбарории онҳоро оид ба тафтиши парвандаи ҷиноятии муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор бо усули ғайриваслӣ дида мебароем. В.А. Власихина дар асари худ, ки ба масъалаи и сботкунӣ дар мурофиаи ҷиноятӣ бахшида шудааст, қайд менамояд: «Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор яке аз ҷиноятҳои сердаромади фаъолияти ҷинояткори буда, барои содир намудани дигар ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, аз қабили одамкушӣ, қочоқи (контрабанда), бандитизм, терроризм, хариду фурӯши одамон алоқаи зич дошта, барои созмон ва инкишофи коррупсия замина тайёр мекунад» [1, С.72]. Мо низ ақидаи мутахассисро ҷониборӣ намуда, аз ин зиёда андеша дорем, ки муомилоти ғайриқонунии

Сведения

Журнал
Legislation
Опубликовано
2025 · № 1, С. 255
Источник
qonunguzori.tj
Язык
Таджикский
ISSN
2410-2903
Издатель
Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан