Central AsianResearch Index

МАФҲУМИ ҶИНОЯТҲО БО АЛОМАТҲОИ АЛТЕРНАТВИИ ТАРКИБИ ОНҲО

Ин мақола ба омӯзиши ҷиноятҳои дорои аломатҳои алтернативии таркиб дар қонуни ҷиноятӣ бахшида шудааст. Дар мақола хусусиятҳои низоми аломатҳои ҷиноят дар қонунгузорӣ, ки дар онҳо аломатҳо и алтернативӣ мавҷуданд, таҳлил карда шуда, инчунин таъсири онҳо ба таснифи ҳуқуқии кирдорҳо ба ҷамъият хавфнок баррасӣ шудааст. Дар заминаи таҳлили ҳуқуқи ҷиноятӣ ба фарқияти байни тафриқаҳои қатъӣ ва ғайриқатъӣ диққати махсус дода мешавад. Дар мақола ҳам чунин зарурати таҳқиқоти минбаъдаи назариявӣ ва амалӣ оид ба механизмҳои ташаккули сохторҳои алтернативии ҷинояткорӣ ва таҳияи қоидаҳои ягонаи бандубасти онҳо таъкид шудааст. Ҳадафи мақола таҳияи доктринаи ҳуқуқӣ ва амалияи татбиқи меъёрҳои ҳуқуқи ҷиноятии марбут ба ҷиноятҳои дорои аломатҳои алтернативии таркиб мебошад. Сохтори меъёрҳои ҳуқуқӣ - ҷиноятӣ, ки дар онҳо тавсифи зуҳуроти ҷиноятии кирдорҳои манъшуда тавассути пешниҳоди аломатҳои алтернативи

Сведения

Журнал
Legislation
Опубликовано
2025 · № 1, С. 248
Источник
qonunguzori.tj
Язык
Таджикский
ISSN
2410-2903
Издатель
Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан