СИЁСАТИ ҲУҚУҚӢ ҶИНОЯТӢ ОИД БА МУҚОВИМАТ БО ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар мақолаи мазкур татбиқи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти терроризм экстремизм (ифротгароӣ) ба риштаи таҳлил кашида шудааст. Ҳамзамон, дар мақола, тавсифи гуногунии андешаҳо оид ба муайянсозии мазмуни мафҳуми «экстремизм (ифротгароӣ)» рӯи кор омадааст. Инчунин, субъектҳое, ки бевосита ба экстремизм (ифротгароӣ) муқовиматкунанда да р мақола пешбинӣ гардидааст. Сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – ҶТ) бо дар назар доштани арзишҳои умумибашарӣ ва манфиатҳои миллӣ, таъсири ҷаҳонишавӣ, ҳамоҳангсозӣ ва якхелакунии қонунгузории давлатҳо ва низомҳои ҳуқуқии ҷаҳонӣ, рушди муносиб атҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, таъсиси иттиҳодҳои нави ҷаҳонӣ ва минтақавии байни давлатҳо, таҳдиду хатарҳои нави ҷаҳонӣ амалӣ карда мешавад [1]. Сиёсати ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ ба коҳиш додани таъсири манфии ҷаҳонишавӣ, муқовимат бо хатарҳо ва таҳдидҳои ҷаҳонӣ “т ерроризм, экстремизм” ва дигар падидаҳои
Сведения
- Журнал
- Legislation
- Опубликовано
- 2025 · № 1, С. 238
- Источник
- qonunguzori.tj
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2410-2903
- Издатель
- Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан