Central AsianResearch Index

БАҲСҲОИ ЗАМИН ОИД БА БАҚАЙДГИРИИ ҲУҚУҚИ ИСТИФОДАИ ҚИТЪАИ ЗАМИН ВА ҲУҶҶАТҲОИ ТАСДИҚКУНАНДАИ ҲУҚУҚИ ИСТИФОДАИ ҚИТЪАИ ЗАМИН

Баҳсҳо вобаста ба бақайдгирии ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин нисбат ба дигар намуди баҳсҳо зиё д буда, дар амалияи судӣ баъзе мушкилиҳо ҳангоми ҳалли ин намуди баҳсҳо вуҷуд дорад. Муаллиф дар мақолаи мазкур таҷрибаи судиро таҳлил намуда, вобаста ба мушкилиҳои ҷой дошта ҳангоми ҳалли баҳси мазкур нуқтаҳои назари хешро қайд намудааст. Метавон гуфт, ки дар мақолаи пешниҳодҳои муаллиф бо назардошти усулҳои таҳкқи илмӣ пешниҳод гардидааст. Дар таҳқиқотҳо тавре, ки ба назар мерасад намудҳои алоҳидаи баҳсҳо замин аз ҷониби олимон мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд. Масалан, В.М. Дикусар чунин хусусиятҳои намудҳои баҳсҳои замин – баҳсҳо ҳангоми гирифтани қитъаи замин, баҳсҳои банақшагирии замин, баҳсҳо оид ба якчанд намуди даъвоҳоро таҳқиқ намудааст [1, с. 36-61]. А.Р. Емалтинов бошад зимни таҳқиқи намудҳои баҳсҳои замин онҳоро чунин муайян н

Сведения

Журнал
Legislation
Опубликовано
2025 · № 1, С. 227
Источник
qonunguzori.tj
Язык
Таджикский
ISSN
2410-2903
Издатель
Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан