ЭКСПЕРТИЗАИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ХОҶАГИИ ЁРИРАСОНИ ШАХСӢ”: ҶАНБАҲОИ ИЛМӢ-ҲУҚУҚӢ ВА АМАЛӢ
Дар мақолаи мазкур аз ҷониби муаллиф Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ” мавриди экспертизаи илмӣ -ҳуқуқӣ қарор дода шуда, бобати такмили муқаррароти Қонуни мазкур якчанд таклифҳои асоснок манзур карда шудааст. Зикр гардидааст, ки ҳарчанд, вобаста ба танзими муносибатҳо дар самти пе шбурди фаъолияти хоҷагии ёрирасони шахсӣ ду маротиба қонунҳои махсус қабул гардида бошад, ҳам таҳлилу омӯзиши муқаррароти Қонуни мазкур низ нишон медиҳад, ки баъзе масъалаҳои мавриди танзими ҳуқуқӣ қарор гирифта, ба такмил ниёз доранд. Бо ин назардошт, таҳ лили муаллиф дар асоси нуктаҳои назари дар адабиёти илмӣ баёнгардида, муқаррароти қонунгузорӣ ва таҷрибаи амалӣ сурат гирифтааст. Асоснокӣ ва мубрамият. Хоҷагии ёрирасони шахсӣ яке аз субъекти мустақили соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, самти асосии фаъолияти он истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бо мақсади қонеъ намудани талаботи аъзои
Сведения
- Журнал
- Legislation
- Опубликовано
- 2025 · № 1, С. 215
- Источник
- qonunguzori.tj
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2410-2903
- Издатель
- Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан