ҶИНОЯТ ВА ДИГАР НАМУДИ ҶАВОБГАРӢ БАРОИ БА ТАЪХИР АНДОХТАНИ МУҲЛАТҲОИ ПАРДОХТИ МУЗДИ МЕҲНАТ
Дар мақолаи мазкур масъалаҳои ҳуқуқии ҷавобгарӣ барои ба таъхир андохтани муҳлатҳои пардохти музди меҳнат баррасӣ гардидааст. Дар он ба таври муфассал ҷавобгарии ҷиноятӣ маданӣ-ҳуқуқӣ, маъмурӣ, моддӣ барои ба таъхир андохтани муҳлатҳои пардохти музди меҳнат бо ақидаҳои назариявӣ равшанӣ андохта шудааст. Аз рӯи натиҷаи таҳқиқот аён мегардад, ки муаллиф ҷиҳати амалӣ намудани ман фиатҳои асосӣ ва бевоситаи кормандон, корфармоён ва умуман давлатро ифода намудааст. Инчунин, муаллаи дар раванди таҳқиқот аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва байналмилалӣ истифода намудааст. Муаллиф аз рӯи натиҷаи таҳқиқот пешниҳод намудааст, ки барои таъмини пардохти музди меҳнат, нафақа, стипендия, ёрдампулӣ ё дигар пардохтҳои бо қонун муқарраргардида моддаи 153(1) таҷдиди назар карда шавад. Музди меҳнат яке аз категорияҳои мураккаби иқтисодӣ -иҷтимоӣ маҳсуб ёфта, ҳамчунин м уайянкуна
Сведения
- Журнал
- Legislation
- Опубликовано
- 2025 · № 1, С. 208
- Источник
- qonunguzori.tj
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2410-2903
- Издатель
- Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан