Central AsianResearch Index

ШАРТНОМАИ ЭСКРОУ (АМОНАТГУЗОРИИ ШАРТӢ) ДАР НИЗОМИ ҲУҚУҚИИ

Муносибатҳои шартномавӣ пайваста дар ҳолати рушд қарор дошта, имкониятҳои васеъро барои иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқи маданӣ фароҳам меоранд. Шартномаи эскроу яке аз шартномаҳои нисбатан нав дар низоми ҳуқуқии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, таъиноти асосии он бо роҳи муносибатҳои шартномавӣ ҳимоя намудани ҳуқуқу манфиатҳои иштирокчиён ба ҳисоб меравад. Бо назардошти нав будани шарт номаи эскроу, таҳлили илмии падидаи мазур дар шароити муосири Тоҷикистон муҳим арзёбӣ мегардад. Дар мақолаи мазкур мафҳуму моҳияти шартномаи эскроу, унсурҳои шартнома ва масъалаҳои дигари татбиқи қонунгузорӣ дар ин самт мавриди таҳлили илмӣ қарор гирифтааст. Ҳуқуқи маданӣ танзимгари муносибатҳое мебошад, ки онҳо ба баробарӣ ва мухторияти хоҳишу иродаи иштирокчиёнаш асос ёфтаанд. Мухторияти хоҳишу ирода дар муносибатҳои маданӣ аҳамияти муҳим дошта, ба иштирокчиён имкон медиҳад, ки озодона ҳуқуқҳои маданиро ба да

Сведения

Журнал
Legislation
Опубликовано
2025 · № 1, С. 180
Источник
qonunguzori.tj
Язык
Таджикский
ISSN
2410-2903
Издатель
Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан