Central AsianResearch Index

ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ СЕРВИТУТИ ИХТИЁРӢ ТИБҚИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶМУҲУРИИ

Дар мақолаи мазкур табиати ҳуқуқӣ ва хусусиятҳои сервитути ихтиёрӣ дар низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлил қарор дода шудааст. Дар низоми қонунгузории муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон танзими ҳуқуқии падидаи сервитут мубрамияти хоси худро дошта, бо дарназардошти рушди муносибатҳо дар самти мазкур он мавриди танзим қарор дода шудааст. Сервитути ихтиёрӣ бо ризоияти тарафҳо ва д ар асоси шартнома муқаррар карда мешавад. Ин намуди сервитут бештар дар ҳолатҳое истифода мешавад, ки ду ё зиёда соҳибмулкон мехоҳанд муносибатҳои худро ба таври ҳуқуқӣ танзим кунанд. Дар мақолаи мазкур ин падида бо дарназардошти назарияҳои илмӣ, муқаррароти қонунгузории кишвар ва таҳлили муқоисавӣ -ҳуқуқии он мавриди таҳлил қарор дода шуда, таклифҳои мушаххас доир ба табиати ҳуқуқӣ ва хусусиятҳои сервитут пешниҳод карда шудааст. Сервитути ихтиёрӣ – ин як намуди сервитут мебошад, ки дар асоси созишнома

Сведения

Журнал
Legislation
Опубликовано
2025 · № 1, С. 163
Источник
qonunguzori.tj
Язык
Таджикский
ISSN
2410-2903
Издатель
Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан