Central AsianResearch Index

ТАРТИБИ БАСТАНИ ШАРТНОМАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ТИБҚИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар мақолаи мазкур тартиби бастани шартномаҳои байналмилалӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва андешаи олимон баррасӣ гардидааст. Ҳамзамон ҷиҳати муайян намудани бартарият ва афзали ятҳои тартиби бастани шартномаҳои байналмилалӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шартномаҳои байналмилалӣ” аз 23 июли соли 2016 дар фарқият аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 11 декабри соли 1999 таҳлил гардидааст. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - ҶТ) оид ба шартномаҳои байналмилалӣ ба Конститутсияи ҶТ асос ёфта, аз Қонуни ҶТ “Дар бораи шартномаҳои байналмилалии ҶТ”, ки аз 23 июли соли 2016, №1326 қабул гардидааст, дигар санадҳои меъё рии ҳуқуқии ҶТ, инчунин, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст аз ҷумла, Конвенсияи Вена аз 23 майи соли 1969 дар бораи ҳуқуқи шартномаҳои байналмилалӣ, ки Тоҷикистон

Сведения

Журнал
Legislation
Опубликовано
2025 · № 1, С. 158
Источник
qonunguzori.tj
Язык
Таджикский
ISSN
2410-2903
Издатель
Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан