ТАШАККУЛ ВА ИНКИШОФИ ФАЪОЛИЯТИ ҚОНУНЭҶОДКУНӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ПРОБЛЕМАҲОИ ОН
Дар мақолаи мазкур масъалаи ташаккул ва инкишофи фаъолияти қонунэҷодкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлили илмӣ қарор дода шудааст. Бояд зикр намуд, ки ҷараёни қонунэҷодкунии ҳозиразамон дар Ҷумҳурии То ҷикистон дар ҳолати фавқулмураккаби иқтисодию иҷтимоӣ сурат мегирад, ки мақсади чунин фаъолияти қонунэҷодкунӣ албатта беҳтар намудани сатҳу сифати қонунҳои амалкунанда мебошад. Муаллиф тавонистааст, ки ташаккул ва инкишофи фаъолияти қонунэҷодкуниро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дуруст таҳлил намояд. Қонунэҷодкунӣ фаъолияти бевоситаи давлат мебошад. Маҳз аз дараҷаи қонунэҷодкунии давлат дар шахсияти мақомоти ҳокимияти давлатии ваколатдори он ба ҳолат ва дараҷаи инкишофи ҳуқуқии давлат баҳо дода мешавад. Ташаккул и давлати демократию ҳуқуқбунёд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти қонунэҷодкунӣ ва татбиқи самараноконаи он дар амал вобастагии зич дорад. Фаъолияти қонунэҷодкунӣ дар давлати мо
Сведения
- Журнал
- Legislation
- Опубликовано
- 2025 · № 1, С. 133
- Источник
- qonunguzori.tj
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2410-2903
- Издатель
- Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан