БАЪЗЕ МАСЪАЛАҲОИ ҲУҚУҚӢ – КОНСТИТУТСИОНИИ СУБЪЕКТОНИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Мақолаи мазкур ба баъзе масъалаҳои ҳуқуқӣ – конститутсионии субъектони фаъолияти соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Муаллиф ҳуқуқҳои конститутсионии субъектони фаъолияти соҳибкориро мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор додааст. Муаллиф ҷалби бештари соҳибкоронро ба дарки моҳияти меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунгузории амалкунандаи кишвар вобаста ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ (соҳибкорӣ) мувофиқи мақсад меҳисобад. Инсон ва ҳуқуқи ӯ яке аз масъалаҳои мубрам ва муҳими ҷаҳони муосир мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба риояи принсип ва меъёрҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон бетараф нест. Дар ин раванд ташаккул ва рушди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд яке аз самтҳои асосӣ ва афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад [8, 3, с. 64]. Озодии фаъолияти соҳибкорӣ ҳамчун яке аз категорияҳои ҳуқуқу озодиҳои иқтисодии инсон ва ша
Сведения
- Журнал
- Legislation
- Опубликовано
- 2025 · № 1, С. 126
- Источник
- qonunguzori.tj
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2410-2903
- Издатель
- Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан