Central AsianResearch Index

АСОСҲОИ ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНАИ ШАҲРВАНДОН ДАР ИНТИХОБОТ: ҶАНБАҲОИ МЕЪЁРӢ-ҲУҚУҚӢ

Дар мақолаи мазкур муаллифон ҷанбаҳои меъёрӣ -ҳуқуқии асосҳои иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар интихоботро бо дарназардошти адабиёти илмӣ ва қонунгузории кишвар мавриди таҳлилу баррасӣ қарор додаанд. Дар низоми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ мавқеи махсусро ишғол менамоянд. Нисбат ба дигар гурӯҳҳои ҳуқуқу озодиҳо, ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ асосан барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст, ки ҳуқуқи иштирок дар интихобот ва дар идоракунии корҳои давлатӣ низ ба ин ҳуқуқҳо шомил мебошад. Ҳуқуқи интихоботӣ - маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқие мебошад, ки тартиби ташкил ва ҷамъбасти интихоботи намояндагии ҳокимияти давлатӣ ва Раиси ҷумҳурро танзим карда, усулҳои низоми интихоботро муқаррар менамоянд. Меъёрҳои ҳуқуқии интихобот барои муқаррар ва таҳкими муносибатҳои зайл таъйин шудаанд: 1) муайян кардани доираи шахсе, ки ҳуқуқи интихоб кардан (ҳуқуқи интихоби фаъол) ва

Сведения

Журнал
Legislation
Опубликовано
2025 · № 1, С. 110
Источник
qonunguzori.tj
Язык
Таджикский
ISSN
2410-2903
Издатель
Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан