Central AsianResearch Index

МАФҲУМ ВА ХУСУСИЯТОИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ КОНСТИТУТСИОНИИ ИНСОН ВА ШАҲРВАНД ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар мақолаи мазкур баъзе масъалаҳои назариявии мафҳум ва хусусиятҳои ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ғояҳои илмӣ ва муқарраротҳои конститутсионӣ-ҳуқуқӣ мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор гирифтааст. Дар ҳақиқат яке аз механизми мукаммалӣ кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсонро бевосита муқаррароти конститутсионӣ ташкил медиҳад. Ҳолати мазкурро мо метавонем бевосита аз таҳлили муқарраротҳои кафолатдодашудаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонем дарёфт намоем. Ҳуқуқ дар ҳаёти инсон ва ҷомеа яке аз арзишҳои муҳим арзёбӣ гардида, баҳри танзими муносбатҳои ҷамъиятӣ нақши назаррас дорад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз санадҳои пурарзиш дар ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва онҳое, ки дар қаламрави ин кишвар зиндагӣ менамоянд, ҳуқуқу озодиҳоро мустаҳкам, ҳифз ва кафолат додаааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ин санади муҳимро баъди ба

Сведения

Журнал
Legislation
Опубликовано
2025 · № 1, С. 104
Источник
qonunguzori.tj
Язык
Таджикский
ISSN
2410-2903
Издатель
Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан