МАФҲУМИ ХИЗМАТРАСОНИИ БАЙТОРӢ ҲАМЧУН ОБЪЕКТИ ҲУҚУҚИ МАДАНӢ
Дар мақола мафҳуми хизматрасонии байторӣ ҳамчун объекти ҳуқуқи маданӣ таҳлил карда мешавад. Муаллиф бо дарназардошти адабиёти илмӣ ва қонунгузории маданӣ, қонунгузории махсуси байторӣ ва назарияи ҳуқуқи маданӣ мафҳуми хизматрасонии байториро ҳамчун объекти ҳуқуқи маданӣ пешниҳод менамояд. Ба ақидаи муаллиф хизматрасонии байторӣ ҳамчун объекти ҳуқуқи маданӣ ин амал ё фаъолияти иҷрокунанда (ташкилоти байторӣ ё байтор) мебошад, ки хизмати байториро ба фармоишгари он дар намуд ва ҳаҷми муайян мерасонад. Таҳти мафҳуми объекти ҳуқуқи маданӣ неъматҳои моддӣ ва ғайримоддӣ фаҳмида мешавад, ки вобаста ба онҳо муносибатҳои ҳуқуқӣ ба миён меоянд ва вуҷуд доранд[1, с.380]. Қонунгузории маданӣ объектҳои ҳуқуқи маданиро б а ду гурӯҳи асосоӣ: неъмату ҳуқуқҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкӣ ҷудо менамояд. Дар қ. 2. м. 136 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - КМ ҶТ) дар баробари дигар объект
Сведения
- Журнал
- Legislation
- Опубликовано
- 2024 · № 1, С. 76
- Источник
- qonunguzori.tj
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2410-2903
- Издатель
- Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан