Central AsianResearch Index

МАВҚЕЪ ВА НАҚШИ ҶАВОБГАРИИ ҲУҚУҚИИ КОНСТИТУТСИОНӢ ДАР НИЗОМИ ҶАВОБГАРИИ ҲУҚУҚӢ

Дар мақолаи мазкур мавқеъ ва нақши ҷавобгарии ҳуқуқии конститутсионӣ мавриди таҳқиқи ҳамаҷониба қарор қарор дода шуда, паҳлуҳои мусбӣ ва манфии он ошкор карда шудааст. Муаллифон бар он назаранд, ки вақте сухан дар бораи ҷавобгарии ҳуқуқӣ ва махсусан ҷавобгарии ҳуқуқии конститутсионӣ меравад, ҷанбаҳои манфӣ (ретроспективӣ) ва мусбиро фарқ кардан лозим аст. Ҷанбаи якуми ҷавобгарӣ вазифаи пешгирикунанда ва ҷазоро иҷро намуда, ҷанбаи мусбӣ ба назорат, ҳавасмандгардонӣ ва ғайра нигаронида шудааст. Дар шароити рушди конститутсионализм ва тақвияти асосҳои демократӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурияти таҳлили маҷмуии масъалаи ҷавобгарии ҳуқуқӣ ба миён омадааст. Тавре таҳлили адабиёти ҳуқуқӣ нишон медиҳад, институти ҷавобгарии ҳуқуқӣ кайҳо боз воситаи ҳуқуқии мустақил дар ҳамаи низомҳои ҳуқуқии муосир, яке аз аломатҳои асосии ҳуқуқ мебошад. Аз ин рӯ, масъалаи ҷавобагарии ҳуқуқӣ яке аз ҷойҳои марказ

Сведения

Журнал
Legislation
Опубликовано
2024 · № 1, С. 56
Источник
qonunguzori.tj
Язык
Таджикский
ISSN
2410-2903
Издатель
Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан