БАЪЗЕ МАСЪАЛАҲОИ НАЗАРИЯВИИ ТАВСИФИ УМУМИИ ТАСНИФИ ФУНКСИЯИ ДАВЛАТ
Дар мақолаи мазкур баъзе масъалаҳои назариявии тавсифи умумии таснифи функсияи давлат дар асоси ғояҳои илмии муосири соҳаи назарияи давлат ва ҳуқуқ мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Имрӯзҳо масъалаҳои таснифи функсияи давлат яке аз ҷабҳаҳои умдаи илми назарияи давлат ва ҳуқуқи муосирро ташкил менамояд. Таснифи функсияҳои давлат яке аз масъалаҳои маъмул ва дар айни ҳол мубрами назарияи давлат ва ҳуқуқ мебошад. Аксари муҳаққиқоне, ки ба таҳлили функсияҳои давлат машғул шудаанд, ба он аҳамияти махсус додаанд. Бо вуҷуди ин, таснифоти функсияҳои давлат бо дарназардошти рушди босуботи давлат ва фаъолияти функсионалии он дар давраҳои муайяни инкишофи таърихӣ анҷом дода мешавад[1, с.39]. Илова бар ин, давраи имрӯзи инкишофи ҷомеаи ҷаҳон як қатор масъалаҳои глобалиро ба миён овард, ки ҳалли онҳо кӯшиши ҳамаи давлатҳои оламро металабад. Функсияҳои давлатҳои имрӯзаи ҷаҳон ба ҳалли масъалаҳои ҳаётан
Сведения
- Журнал
- Legislation
- Опубликовано
- 2024 · № 1, С. 27
- Источник
- qonunguzori.tj
- Язык
- Узбекский
- ISSN
- 2410-2903
- Издатель
- Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан