СУД ҲАМЧУН СУБЪЕКТИ АСОСИИ МУНОСИБАТҲОИ ҲУҚУҚИИ МУРОФИАВӢ ДАР МИСОЛИ МУНОСИБАТҲОИ МУРОФИАВИИ ГРАЖДАНӢ
Дар мақола муаллиф масъалаи нақ ши судро ҳамчун с убъекти асосии муносибатҳои ҳуқуқии мурофиавӣ дар мисо ли муносибатҳои ҳуқуқии мурофиавии граж данӣ баррасӣ менамояд. Қайд карда мешавад, ки яке аз хусусиятҳои муносибатҳои ҳуқуқии мурофиавии гражданӣ муттаҳид шудани ду сифати суд – иштирокчии ин муносибатҳо будан ва мақомоте, ки дорои ваколати ҳал намудани ҳам аи масъалаҳои ҳуқуқие, ки вобаста ба ам алӣ намудани адолати судӣ ба миён меоянд, мебошад. Мавҷудияти низоми судии рушдёфта дар давлат инъикоси демократӣ ва тамаддунии он мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикист он адолати судиро Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори К ӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе тавассути мурофиаҳои конститутсионӣ, гражданӣ, иқтисодӣ, маъмурӣ ва ҷиноятӣ
Сведения
- Журнал
- Legislation
- Опубликовано
- 2024 · № 1, С. 267
- Источник
- qonunguzori.tj
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2410-2903
- Издатель
- Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан