Central AsianResearch Index

БАЪЗЕ МАСЪАЛАҲОИ НАЗАРИЯВИИ МАҶБУРКУНИИ МАЪМУРӢ

Дар мақолаи мазкур баъзе масъалаҳои назариявии маҷбуркунии маъмурӣ дар асоси ғояҳои илмии муосири соҳаи ҳуқуқи маъмурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Масъалаи маҷбуркунии маъмурӣ яке аз раванди институтсионалии ҳуқуқи маъмурии муосирро ташкил карда истодааст. Дар илми ҳуқуқи маъмурӣ яке аз масъалаҳои бисёр қобили таваҷҷуҳро маҷбуркунии маъмурӣ т ашкил менамояд, ки албатта дар доираи назарияи соҳаи мазкур ғояҳои гуногун нисбат ба он пешкаш карда шудаанд. Маҷбуркунии маъмурӣ яке аз василаҳои муҳим ва бештар натиҷабори аз байн бурдани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва риоя нагардидани талаботу муқарраротҳои қонунгузории маъмурӣ арзёбӣ карда мешаванд. Вобаста ба маҷбуркунии маъмурӣ, паҳлуҳои гуногуни он дар назарияи илми ҳуқуқшиносӣ ва ҳуқуқи маъмурӣ андешаҳои гуногунро аз асарҳои олимону муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ ба монанди Ойев Х., Имомов А.И., Диноршоев А.М., Иброҳимов С.И., Раззоқов Б.Х.,

Сведения

Журнал
Legislation
Опубликовано
2024 · № 1, С. 259
Источник
qonunguzori.tj
Язык
Таджикский
ISSN
2410-2903
Издатель
Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан