БАЪЗЕ АЗ МАСОИЛИ МУАЙЯН НАМУДАНИ ОБЪЕКТИ ҶИНОЯТ ҲАНГОМИ СОДИРШАВИИ РОҲЗАНӢ
Мақола ба баррасии масоили муайян намудани объекти роҳзанӣ, ки ҷавобгарӣ барои он дар моддаи 249 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, бахшида мешавад. Объекти ҷи ноят аломати ҳатмии таркиби дилхоҳ ҷиноят ба ҳисоб меравад. Дуруст муайян намудани объекти ҷиноят заминаи заруриро барои дуруст бандубаст намудани ҷиноят фароҳам меоварад. Муаллиф андешаҳои гуногуни олимон, мавқеи Плену ми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба муқаррар намудани объекти роҳзанӣ мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода, асоснокии ҷойгир шудани таркиби ҷинояти мазкурро дар низоми Қисми махсус и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намудааст. Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - КҶ ҶТ) дар м. 249 барои роҳзанӣ , яъне ҳуҷум бо мақсади тас арруфи молу мулки ғайр бо истифодаи зӯроварии барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок ё таҳдиди ист ифодаи чунин зӯроварӣ содир шудааст , ҷавобгарии ҷиноятӣ
Сведения
- Журнал
- Legislation
- Опубликовано
- 2024 · № 1, С. 208
- Источник
- qonunguzori.tj
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2410-2903
- Издатель
- Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан