Central AsianResearch Index

ТАЪРИХИ ПАЙДОИШ ВА ИНКИШОФИ КОРҲОИ ИСЛОҲӢ ҲАМЧУН НАМУДИ ҶАЗОИ ҶИНОЯТӢ

Масъалаҳои пайдоиш ва инкишофи ҷ азои ҷиноятӣ дар намуди корҳои ислоҳӣ дар таърихи қонунгузо рии ҷиноятии давлати Шӯравӣ ва Тоҷикистон мавриди омузиш қарор дода шудааст. Зикр гардидааст, ки корҳои ислоҳӣ ҳамчун намуди ҷа зо аллакай дар санадҳои аввалини ҳокимияти шӯравӣ муқаррар шуда буданд. Ҷазои мазкур якчанд маротиба номгузории худро тағйир дода , ҳуқуқмаҳдудкуниҳое, ки мазмуни онро ташкил медиҳанд, дар давраҳои гуногун васеъ ё маҳдуд гардонида шудаанд, аммо хусусиятҳои он то замони муосир бетағйир монда, ҷазои мазкур ҳамчун намуди самаран оки шакли таъсиррасонӣ ба гунаҳгор бе ҷудо нигоҳ доштан аз ҷомеа боқӣ мемонад. Институти корҳои ислоҳӣ ҳамчун ҷазо и ҷиноятӣ дар қонунгузории ҷиноятии ватанӣ нав набуда, он аз замони шӯ равии рушди давлати Тоҷикистон ба вуҷуд омадааст. Мавриди зикр аст, ки фаҳмиши муосири корҳои ислоҳӣ ҳамчун як намуди ҷазои ҷиноӣ маҳз дар давраи Шӯравӣ ташаккул ёфт

Сведения

Журнал
Legislation
Опубликовано
2024 · № 1, С. 194
Источник
qonunguzori.tj
Язык
Таджикский
ISSN
2410-2903
Издатель
Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан