ТАШАККУЛ ВА РУШДИ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ЛОГИСТИКӢ ДАР ТАНЗИМИ ҲУҚУҚИИ МАДАНӢ
Хизматрасониҳои логистикиву нақлиётӣ дар қатори дигар давлатҳои ҷаҳон, инчунин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо тақозои замон дар инкишоф буда, усули танзимнамоии он бештар хусусият и маданӣ-ҳуқуқӣ дорад. Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки танзимкунандаи муносибатҳои ҳуқуқии хусусӣ мебошад, дар танзими муносибатҳо дар бахши фаъолият вобаста ба хизматрасониҳои логистикӣ бояд нақши муҳим дошта бошад, чунки иштирокдорони ин раванди хизматрасониҳо шахсони ҳуқуқиву соҳибкорони инфиродӣ буда, бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешаванд ва дар як замина иштирокдорони муносибатҳои ҳуқуқии маданӣ ба ҳисоб мераванд. Хизматрасониҳои логистикӣ ҳамчун маҷмуи хизматрасониҳо вобаста ба интиқоли бор ва дигар амалиётҳои ба он алоқаманд дар танзими ҳуқуқии маданӣ дар инкишоф қарор дошта, бояд ба тариқи зарурӣ меъёрҳои дахлдор дар ҳолати пайдо нагардидани меъёри т
Сведения
- Журнал
- Legislation
- Опубликовано
- 2024 · № 1, С. 115
- Источник
- qonunguzori.tj
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2410-2903
- Издатель
- Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан