Central AsianResearch Index

ТАНЗИМИ ҲУҚУҚИИ ШАРТНОМАИ ХАРИДУ ФУРӮШИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОЛ ДАР НИЗОМИ ҲУҚУҚИ ЗАРДУШТӢ

Дар мақлаи мазкур танзими ҳуқуқии шартномаи хариду фурӯши байналмилалии мол мавриди омӯзиш қарор гирифтаас т. Муаллиф бо истифода аз адабётҳои таърихию ҳуқуқӣ муайян намудааст, ки дар низоми ҳуқуқи зардуштӣ масоили шартнома танзим шудааст. Вобаста ба пайдоиши шартномаи хариду фурӯши байналмилалии мол ҳаминро мо қайд мекунем, ки дар даврони зардуштия муомилот да р байни давлатҳо буд, аммо истилоҳи шартномаи хариду фурӯши байналмилалии мол дар нимаи дуюми асри XX ва ибтидои асри XXI аз ҷониби олимон ба илм ворид шудааст. Шартномаи хариду фурӯши байналмилалии мол як аз намудҳои алоҳидаи аҳдҳои иқтисоди хориҷӣ ба ҳисоб меравад, ки барои қонеъ гардонидани манфиати тарафҳо баста мешавад, тағйир меёбад ва ё қатъ мегардад [7, c. 193]. Шартномаи мазкур дар байни соҳибкороне баста мешавад, ки марказҳои тиҷоратиашон дар кишварҳои гуногун қарор доранд. Ба сифати тарафҳои шартнома харидор ва фурӯшанд

Сведения

Журнал
Legislation
Опубликовано
2024 · № 1, С. 108
Источник
qonunguzori.tj
Язык
Таджикский
ISSN
2410-2903
Издатель
Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан