Central AsianResearch Index

АСОСҲО ВА ТАРТИБИ БЕЭЪТИБОР ДОНИСТАНИ АҲДНОМАИ НИКОҲ МУВОФИҚИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Аҳдномаи никоҳ бо асосҳои дар қонунгузории моданӣ ва оилавии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида метавонад пурра ё қ исман беэътибор дониста шавад. Беэътибор донистани аҳдномаи никоҳ танҳо бо тартиби судӣ амалӣ карда мешавад, яъне танҳо суд метавонад онро пурра ё қисман беэътибор эътироф намояд. Субъектҳое, ки ҳуқуқи ба суд муроҷиат кардан доранд ҷиҳати беэътибор донистани аҳдномаи никоҳ зан, шавҳар, дар ҳолати ғайри қобили амал будани яке аз онҳо васии ӯ, прокурор, меросхӯрҳо, кредиторҳо ва дигар шахсони манфиатдор мебошанд. Муносибатҳои нави ҷамъиятӣ зарурати қабули меъёрҳои ҳуқуқиро бавуҷуд меоранд, бинобар ин қабул ё тағйири меъёрҳои ҳуқуқӣ боназардошти муносибатҳои дар ҷамъият бавуҷудомада ё бавуҷудоянда сурат мегирад. Муқаррар гардидани аҳдномаи никоҳ дар қонунгузории оилавии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз қоидаи болозикр берун набуда, рушди муносибатҳои иқтисоди бозаргонӣ ба он сабаб г

Сведения

Журнал
Legislation
Опубликовано
2024 · № 1, С. 103
Источник
qonunguzori.tj
Язык
Таджикский
ISSN
2410-2903
Издатель
Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан