Central AsianResearch Index

Религиозные институты по рассмотрению правовых споров в Бадахшане

ниҳодҳои динии маҳалл – пиру халифаҳо дар баррасии баҳсҳои ҳуқуқӣ ва амалисозии адолати судӣ нисбат ба дигар минтақаҳои Тоҷикистон нақши мушаххасу муайян дар минтақаи Бадахшон доштанд. Барои муроҷиат намудан ба ниҳодҳои динии маҳалли мазкур ва амалӣ шудани адолати судӣ дар ин ниҳодҳои ҷамъиятӣ якчанд омилҳо мусоидат менамуданд. Омили якум, албатта, бовариву эътиқодии динии мардум ба роҳбарони динии худ ба шумор меравад. Дар навбати дуюм, обрӯву эътибори динии пиру халифаҳо имконият фароҳам оварда буд, ки барои ҳалли аксари шикояту даъвоҳо аҳолӣ ба онҳо муроҷиат намояд. Яъне обрую эътибори роҳбарони динӣ заминаи ба таври ихтиёрона ва бечунаро иҷро шудани қарори қабулшуда дар муҳокима мегардид, ки нақши муҳимро дар ҷараёни амалисозии адолати судӣ дорад. Суди мазкур суди тезҷараён ва қарорҳои он ба таври зуд амалишаванда буданд. Аз қабули қарор то иҷроиши он муҳлати каме лозим буд. Дар акса

Сведения

Опубликовано
2025 · № 4, С. 79
Источник
majalla.ifppanrt.tj
Язык
Русский
ISSN
2305-0535
Издатель
Институт философии, политологии и права