Central AsianResearch Index

ЗИЁУДДИН ФОРСИИ ХУҶАНДӢ ВА ВЕЖАГИҲОИ ДЕВОНИ Ӯ

Ду нусхаи хаттии девони Зиёуддин Хуҷандӣ маъруф ба Форсӣ баррасӣ шудааст. Таъкид гардидааст, ки аввалин бор девони Зиёуддини Хуҷандиро, ки дар китобхонаи Донишгоҳи Кембриҷ нигаҳдорӣ мешавад, ховаршиноси англис Д.Робертсон соли 1951 муаррифӣ карда буд. Муаррифии комилтари дастнависи Донишгоҳи Кембриҷ ва таркиби жанрии девон дар ин мақола сурат гирифтааст. Ҳамчунин оид ба андешаҳои адабиётшиноси маъруфи тоҷик А.Насриддинов вобаста ба нусхаи мазкур мулоҳизаронӣ шудааст. Хати хоно ва зебои ин нусха махсус мавриди таъкиди муаллиф қарор гирифтааст. Дар бораи нусхаи дигари девони Зиёуддини Хуҷандӣ, ки дар китобхонаи Кохи Гулистон (Эрон) маҳфуз ва нисбатан мукаммалтар ва қадимитар аст низ мулоҳизоте ироа шудааст. Таъкид гардидааст, ки девони дар Кохи Гулистон маҳфузбуда бо хатти хеле печида ва душворхони " таълиқ " навишта шудааст. Таҳлили муқоисавии ду девон аз рӯйи қолабҳои шеърӣ сурат гирифтааст. Дар маҷмуъ, муаллиф ба хулосае расидааст, ки мавҷудияти ҳар ду нусха заминаи нашри осори Зиёуддини Форсии Хуҷандиро фароҳам сохтааст.

Сведения

Опубликовано
2024 · Т. 98, № 1
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2413-2004 · 3005-849X
Издатель
ТГУПБП