Central AsianResearch Index

ЗИКРИ САЙЙИД БУРҲОНИДДИН МУҲАққИқИ ТИРМИЗӢ ДАР РИСОЛАИ ФАРИДУНИ СИПАҲСОЛОР

Мақола ба зикри Саййид Бурҳониддин Муҳаққиқи Тирмизӣ дар рисолаи Фаридуни Сипаҳсолор бахшида шудааст. Қайд мешавад, ки Саййид Бурҳониддин Муҳащиқи Тирмизӣ аз ёрону ҳамнишинони Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ба ҳисоб рафта, дар бораи зиндагинома ва рӯзгори дар осори Мавлоно ва дигар маъхазҳои таърихию адабӣ маълумоти қобили мулоҳиза баён гардидаанд. Мавлоно тарбиятёфтаи Бурҳониддини Муҳаққиқ аст, силсила ва хирқаи нисбати Мавлоно ба василаи Бурҳониддин ба падараш Султонулуламо ва охируламр ба Маъруфи Кархӣ мерасад. Дар мақола шахсият, мартабаи ирфонӣ ва зиндагиномаи Саййид Бурҳониддин Муҳаққиқи Тирмизӣ дар асоси маълумоти рисолаи Фаридуни Сипаҳсолор , ки аз қадимтарин сарчашмаи шинохти рӯзгору осори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ мебошад, мавриди баррасӣ қарор дода шудааст. Хулоса мешавад, ки рисолаи Сипаҳсолор, бар иловаи он ки ҷанбаи мащабатӣ дорад, муҳимтарин ва дақиқтарин манбаъ дар бораи зиндагии Мавлоно, ҷаҳони фикрӣ ва ёрону ҳамнишинони ба ҳисоб меравад.

Сведения

Опубликовано
2021 · № 4 (69)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2077-4990
Издатель
Худжандский государственный университет имени академика Бабаджана Гафурова