ЗИКРИ МАСОИЛИ МАРБУТ БА ЛАҚАБ ДАР «СИЁСАТНОМА»-И НИЗОМУЛМУЛК
Дар мақола дидгоҳҳои Низомулмулк оид ба лақабгузорӣ , анвои лақаб , шахсони шоистаи дарёфти лақаб ва масъалаҳои вобаста ба он баррасӣ ва арзёбӣ гардидаанд. Таъкид мешавад, ки муаллифи «Сиёсатнома» дар баробари баён кардани шарту талаботи вобаста ба лақаб ҳикоятеро аз рӯзгори Маҳмуди Ғазнавӣ овардааст, ки муҳтавои он имкон медиҳад паҳлуҳои муайяни масъала равшан гарданд. Омӯзиши мавзуъ ба муаллиф имкон додааст, ки муайян созад: Низомулмулк танҳо он ашхосро лоиқи шарафёб шудан ба лақаб медонад, ки барои пешрафти илму дин хидматҳои шоиста анҷом додаанд. Муаллиф, барои тавзеҳи масъала, иттилооти фарҳангномаҳо ва луғатҳоро дар бораи мафҳуми « лақаб » таҳлил намуда, таъкид мекунад, ки аксари мусаннифони онхо дар маънои ин номвожа иттифоқи назар доранд. Дар поён ишора мешавад, ки анъанаи лақабгузорӣ то имрӯз ҳам идома дорад, аммо мутаассифона, дар бисёр мавридҳо лақабҳое, ки ба мардум дода мешаванд, на хусусиятҳои мусбат, балки нуқсонҳои зоҳирии онҳоро ифода мекунанд ва бештари онҳо хусусияти номатлуб ва гӯшхарош доранд.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · № 5 (118)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Казахский
- ISSN
- 2219-5408
- Издатель
- Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни